ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 345-умин рӯзи соли 2019 аст

Декабрь 11, 2019 08:00

11 декабри соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.

***

4 сол пеш,  11 декабри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конфронси «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» ба Туркманистон сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

11 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии кӯҳ.

РӮЙДОДҲО:

11 декабри соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи «С» минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.

***

11 декабри соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» илова ворид карданд.

***

5 сол пеш, 11 декабри соли 2014  дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.

***

11 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.

***

Дар  ин рӯзи соли 1852 дар Париж кӯҳнатарин бинои сирк кушода шуд.

***

11 декабри соли 1946 аввалин компютери «Марк-1» ихтироъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Московский комсомолетс» аз чоп баромад.

***

Соли 1946  Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Декабрь 11, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш