«ВАТАН ДОРАМ…». Олег Фезов аз шаҳрвандии Олмон даст кашид ва шиносномаи тоҷикӣ гирифт

Декабрь 26, 2019 08:26

ДУШАНБЕ, 26.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Овозхон ва оҳангсози бомаҳорат Олез Фезов ба Тоҷикистон омад ва шиносномаи тоҷикӣ гирифт. Ӯ дар сӯҳбат бо  хабарнигории «Sputnik Тоҷикистон» гуфт, шиносномаи тоҷикиро ӯ дар шӯъбаи ноҳияи Сино – 1-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соҳиб шуд ва дар манзили коргардони маъруфи синамо Искандар Усмонов сабти ном кард.

«Ростӣ, ба даст овардани шиноснома вақти зиёд гирифт, чун вақте ба шӯъбаи милиса муроҷиат кардем, ҳуҷҷатҳои маро ба зудӣ пайдо накарданд. Моро лозим омад, ки қариб ду моҳ бархе ҳуҷҷатҳоро ҷамъ оварем ва ниҳоят, бо кӯмаки кормандони шӯъбаи милисаи Сино – 1 шиноснома ҳам омода шуд ва ҳоло онро дар даст дорам. Ман хеле хушбахтам», —  гуфтааст овозхон ба «Sputnik».

Олег Фезов соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи (ҳоло коллеҷ) рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе бо ихтисоси рассоми ороишгар аст.

Як муддат дар «Машъал», маҷаллаи хонандагони мактабҳои Тоҷикистон кор карда, боре ҳам унвони беҳтарин рассоми ороишгари матбуоти бачагонаи Осиёи Миёна ва Қазоқистонро ба даст овардааст.

Фезов таҳти таъсири ҳунармандони маъруф марҳум Мақсудшо Имматшоев ва Далер Назаров рӯ ба мусиқӣ овардааст. Зуҳури муассири ӯ дар олами мусиқии тоҷик ба ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта рост меояд, бахусус вақте бо иттифоқи мутриб ва танзимгари овозадор Соҳибқирон Нозимов ва гиторнавози маъруф Илҳом Муҳиддинов гурӯҳи «Дарвеш» – ро таъсис доданд.

Ӯ соли 1991 соҳиби Ҷоизаи махсуси озмуни он замон хеле мӯътабари «Садои Осиё» дар Алмаато гардид, ки бо ширкати ҳунармандони 30 кишвар баргузор шуд. Дар он озмун Наргис Бандишоева, овозхони маъруфи тоҷик мақоми аввалро гирифт, ки аз панҷ ду таронааш, «Лалаик» ва «Дар ин шаб мастам» оҳангҳои Олег Фезов буданд.

Соли 1993 дар маркази музофоти Швабияи Олмон – шаҳри Штутгарт аввалин албоми Олег Фезов бо номи «Лалаик (алла) — и Помир» дар шакли компакт-диск нашр шуд, ки аввалин сабти диски лазерӣ дар таърихи мусиқии тоҷик ба ҳисоб меравад (ин албом соли 1995 дар ИМА [Miramar/BMG] бознашр шудааст).

Чанде аз сурудаҳои ӯ, аз ҷумла «Марав» дар таронаҳои мунтахаби «Voice of Europe», «Crossing Cultures» ва «Voice of Asia» ҷой гирифтанд. Ҳамон замон бо иттифоқи Далер Назаров ва Юлдуз Усмонова ӯ дар барномаи сесоатаи «Ситораҳои Осиё» дар 10 шаҳри Олмон ширкат кард.

Тирамоҳи соли 1996 дар Маскав силсилаи консертҳои гуруҳи «Дарвеш» таҳти унвони «Зуҳури сонии Олег Фезов» баргузор шуд. Соли 1997 албоми дуввумаш «Лакатум» нашр шуд. Чанд моҳ пас аз нашр таронаи «Лакатум» дар бистгонаи таронаҳои маъруф дар Аврупо — World Music Charts Europe — ҷой гирифт.

«Дар Олмон беҳтарин мутрибон зиндагӣ мекунанд, аммо ҳеҷ яке ба дарди ман нахӯрд. Ҳатто афғонҳо, ки бо мо наздик ҳастанд, дар навохтани таронаҳои тоҷикӣ оҷизанд. Дар ин маврид ба мо ӯзбекҳо наздиканд, ки таронаҳои тоҷикиро хеле олӣ  иҷро мекунанд, аммо онҳо   дастраси ман набуданд», — мегӯяд овозхон.

Олег Фезов як бор соли 2006 ва бори дуввум ду моҳи қабл ба Тоҷикистон омад. Моҳи гузашта модараш Шаҳзодахонум Фезова бар асари маризии мудаввом дар синни 80 – солагӣ дунёро падруд гуфт. Олег тасмим гирифт, ки шиносномаи дохилиашро барқарор кунад.

«Тайи 22 сол ман ҳеҷ гоҳ накӯшидам, ки шаҳрвандии Олмон ё ягон кишвари дигарро ба даст оварам. Як ду маротиба ба ман аз мақомоти Олмон гуфтанд, ки мӯҳлату шароити шаҳрвандии Шумо расидаву фароҳам шудааст, метавонед шиноснома гиред. Пурсидам, оё душаҳрвандӣ доред? Гуфтанд, на. Гуфтам, агар чунин аст, ман шаҳрвандии Олмонро қабул намекунам, зеро ватан дорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз шаҳрвандияш даст намекашам», — мегӯяд Олег Фезов.

Олег Фезов то ба ҳол бо шиносномаи хориҷӣ, ки барояш аз сӯи консулии Тоҷикистон дар Олмон дода ва тамдид мешуд, зиндагӣ мекард. Вай мегӯяд, аз ин ба баъд зуд – зуд ба Тоҷикистон меояд ва шиносномаи дохилӣ ҳаракату фаъолиятҳои ӯро осон мекунад. Ӯ мехоҳад, анбони таронаву оҳангҳояшро, ки тӯли ин солҳо дар Олмон ҷамъ овардааст, пеши ҳамватанонаш боз кунад.

«Ҳис мекунам, ки вақт кам мондааст. Бояд кор кард ва он чиро Худованд амонат додааст, ба мардум супорид», — мегӯяд Олег Фезов.

  АКСҲО аз «Sputnik» ва бойгонӣ

Декабрь 26, 2019 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард