Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба 8 миллиарду 91,7 миллион сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд ба 8 миллиарду 91,7 млн сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 8,1 фоиз зиёд мебошад.
Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли гузашта дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 331 690 тонна ғалладонагиҳо, 450 322 тонна картошка, 130 000 тонна пахта, 150 940,5 тонна меваҷот, 127 477,6 тонна полезӣ истеҳсол гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил ба охир расид. Ҳамчунин хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошта кишти тирамоҳиро ба охир расониданд.
Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд имрӯзҳо маъракаи яхобмонӣ ва ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки вилояти Суғди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои содиркунандаи мева ва хушкмева ба хориҷи мамлакат ба ҳисоб меравад.








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






