АМАЛИЁТИ «КОРД» ДАР ДУШАНБЕ. Дар давоми ҳафтаи аввали соли равон милитсияи пойтахт 7 адад корд ва 1 кастет дарёфту мусодира намуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти навбатии «Корд» аввали соли 2020 8 нафар шаҳрвандонеро боздошт намуданд, ки силоҳи сард, аз қабили корду кастет бо худ доштанд. Кормандони милитсияи пойтахт аз боздоштшудагон7 адад корд ва 1 кастет дарёфту мусодира намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшудагон 5 нафар сокинони шаҳри Душанбе — Ҳайдар Абдуллоеви 32-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Саҳбо, Умедҷон Донаеви 16-сола истиқоматкунандаи кӯчаи А. Дониш, Ҳасан Маматалиеви 22-сола, сокини кӯчаи Р.Набиев (пеш 2 маротиба бо моддаҳои 244 ва 252 суд шудааст), Насим Қурбонови 20-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ, Билол Яъқубови 24- сола, сокинони кӯчаи Есенин, инчунин сокини деҳаи Нави шаҳри Ҳисор Ҳоҷимурод Мансурови 26-сола, сокини кӯчаи Абдуллоеви шаҳри Истаравшан Мирзоҷон Усмонови 29-сола ва Сайёд Юлдошови 21- сола, истиқоматкунандаи деҳаи Пистамазори шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки нисбат ба онҳо тадбирҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи охири соли 2019 бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила амалиёти шартӣ бо номи «Корд» роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа пеши роҳи содиршавии як зумра ҷиноятҳо гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки дар робита ба баргузории амалиёти мазкур Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сокинони шаҳр чунин муроҷиат намуд: «Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда ҳанӯз ҳам онҳо ин олотро бо худ мегардонанд. Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавонон саҳми худро гузоранд.
Муҳтарам падарону модарон!
Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд. Аз ин рӯ, пайваста фарзандонро зери назорат нигоҳ доред, бояд бо кӣ ва дар кадом доира дӯстӣ доштани онҳоро донед. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, аксар вақт баҳсу нофаҳмиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонанд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд».
Мавриди зикр аст, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






