Амалиёти «Корд» ошкор кард: ду ҷавоне, ки бо худ корд мегардонданд, даст ба ҷиноят задаанд

Январь 27, 2020 09:53

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни амалиёти шартӣ бо номи «Корд»  кормандони  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар  шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навобод Муҳаммадҷон Назарови 18-соларо   дастгир карданд, ки номбурда бо худ корд мегардонд.  Дар натиҷаи санҷиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда қаблан  бо ҷурми дуздӣ суд шуда буд, боз даст ба ҷиноят задааст.

Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда — Муҳаммадҷон Назаров бо ҳамроҳии истиқоматкунанди кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе Умед Маҳмудови 22-сола  бо маслиҳати пешакӣ,  бо истифода аз корд ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо,  аз ҷумла  роҳзаниву ғоратгарӣ машғул шудаанд.

Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ошкор карда шуд, ки онҳо  30  октябри соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо истифода аз корд ба шаҳрванд Шаҳбоз Раҷабови 22-сола  таҳдид намуда, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор-Лайф»-ро, ки 2100 сомонӣ арзиш дорад, тасарруф кардаанд.

Инчунин ҳамон рӯз гумонбаршудагон ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе қарор доштанашон шаҳрванд Шералӣ Ризоёни 34-соларо бе ягон асос дашномҳои қабеҳ намуда, ба таври ошкоро телефонии мобилияш тамғаи «Редми-6»-ро, ки 1250 сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Номбурдагон дар содир намудани 5 ҳолати дуздӣ ва 2 ҳолати  ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, барои муайян намудани ҳолатҳои дигари ҷинояти  содирнамудаи онҳо корҳои фаврӣ — тафтишотӣ ҷараён доранд.

Айни замон нисбат ба  гумонбаршавандагон Назаров Муҳаммадҷон ва Маҳмудов Умед Сарабекович тибқи талаботи моддаҳои 248 (ғоратгарӣ) ва 244 (дуздӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз паёмадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд.

Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавонон саҳми худро гузоранд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро тавассути Муроҷиатнома ба ҳамкорӣ даъват намуд.  Дар   муроҷиатномаи мазкур, аз ҷумла чунин омадааст: «Муҳтарам падарону модарон! Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд. Аз ин рӯ, пайваста  фарзандонро зери назорат нигоҳ доред, бояд бо кӣ ва дар кадом доира   дӯстӣ доштани  онҳоро донед. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, аксар вақт баҳсу нофаҳмиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонанд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд!».

Январь 27, 2020 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид