СОҲИБКОРОН АЗ ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶОНИБДОРӢ МЕКУНАНД. Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Январь 2, 2020 16:18

ДУШАНБЕ, 02.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷличи Олии кишвар муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ , шуруъ аз қисмати ҳаёти дохилӣ то муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои шоёне ба сомон расонида шудаанд, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихори миллии ватандорон  гувоҳӣ медиҳад», — иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Нуриддин ШАРИПОВ. 

Дар идомаи суҳбат мавсуф чунин ибрози назар намуд:  

Яке аз мавзӯъҳои бисёр муҳими Паём саҳмгузории фарзандони бонангу номуси кишвар дар рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти халқ буд ва Сарвари давлат ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Аз ҷумла зикр шуд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд. Ҳамчунин танҳо дар як соли гузашта 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд ёфт ва бо саъю кӯшиши соҳибкорон  зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

Сари ҳамин масъала андеша карда, кас ба чунин хулоса меояд, ки соҳибкорону афроди саховатпешаи кишвар аз даъвати ватандӯстонаи Сарвари давлат ҷиҳати ободу зебо гардонидани кишварамон ҷонибдорӣ мекунанд, зеро   самимона   ба фаъолияти созандаи Пешвои муаззами хеш ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат  итминон доранд.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки соҳибкорон танҳо дар он сурате ба саҳмгузорӣ дар рушди кишвар таваҷҷуҳ мекунанд, ки ба Сарвари давлати хеш эътимоди комил дошта, фаъолиятҳои созандаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, аз имтиёзҳои лозима бархӯрдор бошанд ва итминон ҳосил кунанд, ки тамоми иқдомоти Роҳбари кишварашон ба нафъи худи онҳо ва мардуми кишвар аст.

Хидматҳову ҷонфидоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим воқеан эътимоду бовари тамоми қишрҳои ҷомеаро ба Пешвои хирадманди хеш рӯзафзун гардонида, эҳсоси ватандориро дар қалби ҳар сокини мамлакат бедор кардааст.

Пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллатро имрӯз мардуми тоҷик расми ватандорӣ медонанд, балки барои худ ифтихор мешуморанд. Аз ин рӯ, бо дили гарм саҳмгузории соҳибкорону тоҷирон ба пешрафти кишвар низ яке аз муваффақиятҳои сиёсати дохилии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.  Ба фарзи мисол, агар гузашти вақт дурусту дурандешона будани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати моро  нишон намедод, қишрҳои ҷомеа ба ҳеҷ ваҷҳ ин гуна дар атрофи Пешвои хеш сарҷамъ намеомаданд.

Пешвои миллат дар Паёми хеш аз ҷумла аз як марди саховатпешаи Ватан ёдовар шуда гуфтанд: “Масалан, Бобоҷонов Муҳиб — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд”.

Танҳо ҳамин мисол кофист, ки соҳибкорони кишвар ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат эътимод доранд, ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатро эътироф менамоянд ва талош доранд, то дар роҳи ободсозиву гулгулшукуфии Ватан пайрави арзандаи Пешвои миллат бошанд.

Зеро онҳо медонанд, ки маҳз роҳандозии сиёсати оқилона, иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, имтиёзҳои барои пешрафти тиҷорату соҳибкорӣ муайянгардида ва фароҳамсозии шароити мусоиди кору сармоягузорӣ дар кишвар, ки ҳама самараи хираду дурандешии Пешвои муаззами миллат аст, ба равнақи тиҷорату фаъолияташон замина фароҳам овардааст.

Аз ин нигоҳ, саҳмгузории соҳибкорону афроди саховатпеша дар пешрафту ободонии кишвар, бешак, нишони арҷгузории ҷомеа ба Сарвари давлати хеш аст.

Пешвои миллат дар Паёми хеш бо изҳори сипос ба мардуми кишвар, ки ҳама ҷонибдори сиёсати дурандешонаашон ҳастанд, аз ҷумла, гуфтанд: “Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям”.

Бовар дорем, ки тамоми соҳибкорону тоҷирони Ватани маҳбуб дар ду соли оянда, ки марҳилаи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, барои вусъати корҳои ободиву созандагӣ дар кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд ва барои сазовор будан ба номи баланди “Пайрави Пешвои миллат” кӯшишу талоши афзунтар мекунанд.

Зеро Паёми имсолаи Сарвари давлат дили ҳар сокини кишварро ба ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфии кишвар гармтар, азмашонро қавитар ва талошашонро афзунтар мегардонад.

Нуриддин ШАРИПОВ,
                                                   мудири бахши дин, танзими анъана
                                                ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи
                                                     ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Январь 2, 2020 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»