«Аз 414 иншооти нақшавӣ дар ду соли охир 214 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд»,-бардошт аз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
РӮДАКӢ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 414 иншооти ба нақша гирифташуда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ду соли охир 214 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо 774 нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода баён намуд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ки дар ноҳия 128 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2019 13 корхонаи саноатии истеҳсолу коркарди маҳсулоти пластикӣ, маҳсулоти доруворӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коркарди равғани растанӣ, истеҳсоли хокаи обҳои ранга, хишти сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокӣ, либосҳои ягонаи мактабӣ, маҳсулоти бетонию химиявӣ, истеҳсоли арматура ва сими сохтмонӣ ба фаъолият оғоз намуда, садҳо нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои назарраси соҳа соли гузашта зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ-истеҳсолӣ, аз қабили «Ҳосилот», «ДМК», «Файзрез», «Назиф», «Тенга-ма», «Тоҷикистон Чун Чин», «Тоҷик- климат», «Тоҷ-Фейза» ва дигар корхонаҳо нисбат ба соли 2018 маҳсулоти кам истеҳсол намудаанд, ки ин ба ғанӣ гардидани буҷети ноҳия таъсири манфӣ расонид.








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






