«Аз 414 иншооти нақшавӣ дар ду соли охир 214 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд»,-бардошт аз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 29, 2020 15:19

РӮДАКӢ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 414 иншооти ба нақша гирифташуда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ду соли охир 214 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо  774 нафар сокини ноҳия  бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ  Рустам Акрамзода баён намуд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ки дар ноҳия 128 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2019 13 корхонаи саноатии истеҳсолу коркарди маҳсулоти пластикӣ, маҳсулоти доруворӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коркарди равғани растанӣ, истеҳсоли хокаи обҳои ранга, хишти сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокӣ, либосҳои ягонаи мактабӣ, маҳсулоти бетонию химиявӣ, истеҳсоли арматура ва сими сохтмонӣ ба фаъолият оғоз намуда, садҳо нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои назарраси соҳа соли гузашта зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ-истеҳсолӣ, аз қабили «Ҳосилот», «ДМК», «Файзрез», «Назиф», «Тенга-ма», «Тоҷикистон Чун Чин», «Тоҷик- климат», «Тоҷ-Фейза» ва дигар корхонаҳо  нисбат ба соли 2018 маҳсулоти кам истеҳсол намудаанд, ки ин ба ғанӣ гардидани буҷети ноҳия таъсири манфӣ расонид.

Январь 29, 2020 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд