Балҷувон: соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои соҳилбандӣ ва роҳсозӣ ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон масъулин бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба корҳои соҳилбандӣ ҳанӯз аз фасли тобистон шурӯъ карда, мақсад доранд, ки то оғози боронҳои сели баҳорӣ онро ба анҷом расонанд.
Мавриди зикр аст, ки дарёи Сурхоб аз маркази ноҳияи Балҷувон мегузарад ва дар фасли баҳор, дар натиҷаи бориши барфу боронҳои зиёд серобу маҷрояш баланд гардида, соҳилҳои он рахна меёбанд, ки дар натиҷа ба хоҷагии халқи ноҳия ҳисороти зиёд мерасонад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов иттилоъ медиҳад, баҳри пешгирӣ аз рахнашавии соҳилҳо шурӯъ аз моҳи июни соли гузашта дар ду паҳлӯи ин дарё корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.
Айни замон барои соҳилбандии канори рости дарё дар маркази ноҳия бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамияти дорои масъулияташ махдуди «Тоҷикроҳсоз» бо ҷалби техникаи зарурӣ ва мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро идома медиҳанд. Соҳилбандӣ аз рӯи лоиҳа ҷавобгӯ ба талабот ва меъёрҳо ба роҳ монда шудааст. Ҷараёни корро роҳбарияти ноҳия ва дигар сохторҳои масъул пайваста назорат мебаранд. Ҷамъияти «Тоҷикроҳсоз» дар ин мавзеъ мебояд 1200 метри соҳилро тариқи оҳану бетон мустаҳкам намояд ва корҳо то оғози боронҳои сели баҳори анҷом дода шаванд.
Дар дигар мавзеъҳои ноҳия низ корҳои соҳилбандӣ идома доранд. Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон соҳибкорони маҳаллиро низ ҷалб кардааст.
Дар назди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия соҳибкорони маҳаллӣ мақсад гузоштаанд, ки соҳили дарёро дар масофаи беш аз 750 метр мустаҳкам намоянд. Дар ин мавзеъ ҳамасола рахнашавии соҳил роҳи сокинони 6 деҳаро вайрон мекард, ки рафтуомади онҳоро ба маркази ноҳия мушкил мегардонид. Ҳоло 12 адад техникаи пуриқтидор дар кашонидани сангу шағал ва баланд бардоштани соҳил машғули коранд. Рӯзҳои наздик тариқи ҳашар симтурбандиро оғоз менамоянд.
Тавре сокини ноҳияи Балҷувон Шариф Исоев иттилоъ дод, соҳибкорон инчунин бо дастгирӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки 8 километр роҳи ин мавзеъро, шурӯъ аз маркази деҳаи Сари мазор то ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш намоянд. Ба ин мақсад аллакай роҳро васеъ ва тахту ҳамвор карда, сангфарш намудаанд. Дар чанд мавзеи роҳ кубурҳои обгузар насб карда, аз моҳи июли соли 2020 ба мумфарш кардани он шурӯъ менамоянд.
Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур рафтуомади сокинони шаш деҳаи ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоевро дар ҳама фасли сол ба маркази ноҳия таъмин менамояд.








Душанбе мизбони ҷаласаи Шурои электроэнергетикии кишварҳои ИДМ мегардад
10 ширкати ватанӣ меваҳои хушки Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии GROWTECH/Antalya–2025 муаррифӣ менамоянд
Дар ноҳияи Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад
Дар Душанбе озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд
Ҷаласа оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор иштирок намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон моҳи октябр сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст
Портали хизматрасониҳои давлатӣ дар реҷаи пилотӣ ба фаъолият оғоз намуд
Байни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад






