ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН ТРИЛЛИОН БЕХ ДАРАХТ МЕШИНОНАНД! ИМА ба ин ташаббуси форуми Давос ҳамроҳ мегардад

Январь 22, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. ИМА ба ташаббуси шинонидани триллион дарахт ҳамроҳ мегардад, изҳор намуд президент Доналд Трамп дар Форуми ҷаҳонии  иқтисодӣ  дар Давос, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

«Имрӯз  ман бо камоли шодӣ изҳор менамоям, ки ИМА ба ташаббуси «Триллион дарахт», ки ин ҷо дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оғоз гардидааст, ҳамроҳ хоҳад шуд», гуфт ӯ.

Тавре  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «Мавҷи Олмон» хабар медиҳад, қаблан дар вохӯрии анъанавӣ дар Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давос, ки ҳар сол баргузор мегардад, асосгузори форуми мазкур Клаус Шваб ташаббуси шинонидани триллион дарахтро дар саросари ҷаҳон  то соли 2030 пешниҳод намуд.

Мутобиқи гуфтаҳои Шваб,  навсозии экосистема дар даҳсолаи оянда бартариятҳои зиёд дорад. Наслҳои баъдина набояд бе мероси устувор «дар ҳолатҳои фавқулода», ки бо сабаби буҳрони иқлимӣ ва ҷангҳои тиҷоратӣ ба миён омадаанд, гузошта шаванд, итминон дорад эҷодкунандаи Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ .

Ёдовар мешавем, ки дар Давос — осоишгоҳи  кӯҳии лижаронӣ, аз 21 то 24 январ Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ баргузор мешавад. Дар он 3000 роҳбар аз 117 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

      Акс аз бойгонӣ

 

Январь 22, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад