ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН ТРИЛЛИОН БЕХ ДАРАХТ МЕШИНОНАНД! ИМА ба ин ташаббуси форуми Давос ҳамроҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. ИМА ба ташаббуси шинонидани триллион дарахт ҳамроҳ мегардад, изҳор намуд президент Доналд Трамп дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
«Имрӯз ман бо камоли шодӣ изҳор менамоям, ки ИМА ба ташаббуси «Триллион дарахт», ки ин ҷо дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оғоз гардидааст, ҳамроҳ хоҳад шуд», гуфт ӯ.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Мавҷи Олмон» хабар медиҳад, қаблан дар вохӯрии анъанавӣ дар Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давос, ки ҳар сол баргузор мегардад, асосгузори форуми мазкур Клаус Шваб ташаббуси шинонидани триллион дарахтро дар саросари ҷаҳон то соли 2030 пешниҳод намуд.
Мутобиқи гуфтаҳои Шваб, навсозии экосистема дар даҳсолаи оянда бартариятҳои зиёд дорад. Наслҳои баъдина набояд бе мероси устувор «дар ҳолатҳои фавқулода», ки бо сабаби буҳрони иқлимӣ ва ҷангҳои тиҷоратӣ ба миён омадаанд, гузошта шаванд, итминон дорад эҷодкунандаи Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ .
Ёдовар мешавем, ки дар Давос — осоишгоҳи кӯҳии лижаронӣ, аз 21 то 24 январ Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ баргузор мешавад. Дар он 3000 роҳбар аз 117 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Акс аз бойгонӣ








Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд






