Чин соли 2020 барои мубориза бо намуди нави пневмония 8,75 миллиард доллар ҷудо мекунад

Январь 28, 2020 11:41

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Чин соли равон  барои мубориза бо намуди нави пневмония аз буҷет 60,33 миллиард юан (8,75 миллиард доллар) ҷудо мекунад. Дар ин бора рӯзи душанбе Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Чунин тадбирҳо мутобиқи қарори гурӯҳи кории мубориза бо намуди нави коронавирус, бо мақсади таъмини хароҷоте, ки барои тақвияти тадбирҳои бунёдии рафъи он заруранд, андешида мешаванд», — омадааст дар изҳороте, ки дар саҳифаи расмии вазорат нашр шудааст.

Дар он зикр гардидааст, ки ҳоло яке аз вазифаҳои асосӣ- ин пешгирии паҳншавии пневмония дар деҳот мебошад.

Тибқи омори навшуда, дар Чин шумораи шахсони гирифтори пневмония аллакай беш 4,5 ҳазор нафарро ташкил дода, 106 нафар  фавтидаанд. Аксар ҳолатҳои сироятёбӣ (1,423, 76 фавт) дар музофоти марказии Ҳубэй ва маркази маъмурии он- Вуҳан рух медиҳанд.

Январь 28, 2020 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид