Дар Академияи идоракунии давлатӣ курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 6.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ аз рўи барномаи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳои даврони истиқлолият ва дурнамо» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ифтитоҳи курс Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ, декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ Саодат Иброҳимова, сардори шуъбаи иттилоот ва таҳлили Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумринисо Азизова сухан намуданд.
Абдухалил Ғафурзода ҳузури шунавандагону меҳмононро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як давлати дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Бинобар ин, сиёсати хориҷии мо, барқарории равобити байналмилалӣ ва умуман, роҳандозии фаъолияти дипломатӣ танҳо дар даврони истиқлолият муяссар гардид, ки бегумон Пешвои миллат меъмор ва бунёдгузори он ба шумор мераванд.
Музаффар Муҳаммадӣ иброз намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бидуни ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати хориҷии худро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин мекард ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд.
Ёдовар мешавем, ки курси такмили ихтисос то 11 январи соли 2020 идома меёбад.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






