Дар Австрия Конфронси байналмилалии «Пешгирии ҷиноятҳо ва зӯроварӣ миёни ҷавонон тавассути варзиш» оғоз гардид

Январь 23, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия  дар мавзӯи «Пешгирии ҷиноятҳо ва зӯроварӣ миёни ҷавонон тавассути варзиш» конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар  он  намояндагони беш аз 187 кишвари олам иштирок доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Хоҷазода  намояндагӣ менамоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронси мазкур ду рӯз идома ёфта, намояндагони давлатҳои  ҷаҳон вобаста ба масъалаи мазкур дар таҷрибаи давлати хеш сухан мегӯянд.

Мавриди зикр аст, ки Конфронси байналмилалии «Пешгирии ҷиноятҳо ва зӯроварӣ миёни ҷавонон тавассути варзиш» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он табодули таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон мебошад.

Дар  кори конфронс намояндагони Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ва саҳми Ҳукумати ҷумҳурии мо дар доираи қарорҳои дахлдори СММ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар мекунанд.

Январь 23, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад