Дар Бонки миллӣ бо бардошт аз Паёми Пешвои миллат татбиқи самараноки сиёсати пуливу қарзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дурнамои сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаро гирифта, ба сифати раҳнамои мардуми Тоҷикистон дар соли 2020 хидмат хоҳад кард. Ин нукта зимни ҷаласае, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, баён шуд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар маҷмӯъ, Пешвои миллат соли 2019-ро барои мардуми мамлакат соли хотирмон ва бобарор арзёбӣ карда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, молия ва бонкдорӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тавсияву ҳидоят ва вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ, ки дар Паёми навбатӣ зикр гардида буд, равона карда шуд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он, дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум, таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар умум, татбиқи самараноки сиёсати пуливу қарзӣ тадбирҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласа ба он таваҷҷуҳи махсус дода шуд, ин дастури Пешвои миллат барои ташкили бонки алоҳида, ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ буд. Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонки алоҳида таъсис дода, барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро дастури раҳнамо маънидод намуд. Мавсуф гуфт, ки Паём моро ба муттаҳидӣ ва саъю кӯшиши пайваста ба хотири татбиқи амалии он даъват мекунад ва амалӣ намудани муқаррароти он ба пешрафту дастовардҳои назарраси давлатамон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус низоми бонкии мамлакат мусоидат хоҳад кард.








Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2430 сомонӣ муқаррар шудааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд






