«ДАР ДУНЁ БЕҲТАР АЗ СУЛҲУ СУБОТ ЧИЗЕ НЕСТ». Собиқ муҳаррири Телевизиони тоҷик, ҳоло коршиноси масоили байналмилалӣ Неъматулло Мирсаидов тағйирот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро «умедворкунанда» номид
ДУШАНБЕ, 29.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Дар дунё беҳтар аз сулҳу субот чизе нест», — изҳор дошта буд чанде қабл дар суҳбат бо хабарнигорон роҷеъ бо муноқишаҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон собиқ муҳаррири Телевизиони тоҷик, ҳоло коршиноси масоили байналмилалӣ Неъматулло Мирсаидов. Дирӯз Н. Мирсаидов, ки худ зодаи шаҳри Исфара буда, наметавонад нисбат ба ҳодисаҳои дар наздикии деҳаашон сарзада бетараф бошад, рӯи саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook чанд сатр мусаббат намудааст. Дар ин сатрҳо хушҳолӣ ва қаноатмандии муаллиф эҳсос мешавад. Хушҳолию қаноатмандӣ аз тағйироте, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукуматҳои ду кишвари ҳамсоя дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шудаанд.
Неъматулло Мирсаидов, аз ҷумла, навиштааст:
«Тағйироти умедворкунанда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Дирӯз ба хоҳарам занг задам. Ба ҳамоне, ки дар марз, дар наздикии деҳаи Кӯктош зиндагӣ мекунад. Аз авзоъ пурсидам. Ӯ гуфт, ки ҳамсояҳо обро сар доданд ва ҳама ҳавзҳои худро пур карданд. Хабар дод, ки обро марзбонҳои тоҷике, ки дар хатти нави байни хонаҳову бошишгоҳҳои тоҷикону қирғизҳ навбатдорӣ мекунанд, сар доданд.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ба хонааш як ҳамсояи қирғизашон, ки солҳо боз аз дараш намедаромад, омадаст. Хоҳиш кардааст, ки барояш аз бозори тоҷикҳо харбуза бихарад. Ба завҷаи ӯ табибон истеъмоли харбузаро маслиҳат додаанд. Ӯ худаш ҳанӯз метарсад, ки ба бозори тоҷикҳо биравад.
Ҳамсояҳои қирғиз, ки пеш бо мо зиёд равуо доштанд, қариб ду сол боз амалан равуо бо тоҷикҳоро бас карданд. Яъне муносибатҳо иваз шуда истодаанд…
Бубинед, чӣ қадар хабарҳои мусбат дар як қитъа! Агар ҳар кадоми мо як кори мусбат кунад, пагоҳ 10 иқдоми мусбат мешавад, пасфардо – 20. Мутмаинам, ки ҳам ҳусни эътимод барқарор мешавад, ҳам дӯстӣ ва ҳам ҳамкорӣ. Табъан ҳусни ҳамсоягӣ низ барқарор хоҳад шуд.
ДАР АКСҲО: Зайловиддин Аюбов, тоҷики сокини деҳаи Чоркӯз дар боғаш себ мечинад. Дар он тарафи девор ҳамсояи қирғизи ӯ Абдураҳим Маҷидов дар ҳавлии хонааш алаф медаравад. Ҳамаи аксҳо — аз саҳифаи Н. Мирсаидов дар Facebook гирифта шудаанд.










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






