Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил баррасӣ гардиданд

Январь 30, 2020 08:29

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29  январ дар Душанбе муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Давлати Исроил дар ҶТ Эдуард Шапироро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил 26 марти 1992 барқарор гардидаанд. Исроил  истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 эътироф кардааст.

Аз 21 ноябри соли 2017 Сафири ғайримуқими Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Шапира таъйин гардидааст.

Акс аз ВКХ ҶТ

 

Январь 30, 2020 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд