Дар Германия китоби олими ҷавони тоҷик ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Монографияи (энсиклопедияи биографии) дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Парвин Раймалихон таҳти унвони «Кто есть кто в Афганистане», (Шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта дар Афғонистон), дар нашриёти LAMBERT Academic Publishing (Ҷумҳурии Федеративии Германия), бо забони русӣ ва дар ҳаҷми 416 саҳифа ба нашр расид.
Нашри сеюми такмилёфтаи монографияи мазкур тарҷумаи ҳоли намояндагони элитаи сиёсӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва динии Афғонистонро аз оғози асри гузашта то имрӯз дар бар мегирад. Ҳамзамон дар монографияи мазкур маълумот дар бораи ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шудааст.
Забони сода ва оммафаҳми китоби мазкур имкон медиҳад, ки он барои тамоми шавқмандон, донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорони ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърих ва шарқшиносӣ, ҳамзамон барои гурӯҳи васеи муҳаққиқон, ки ба омӯзиши «масъалаи Афғонистон» машғуланд, ҷолиби диққат бошад.
Мавриди зикр аст, ки муаллифи мазкур барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шуд.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






