Дар Германия китоби олими ҷавони тоҷик ба нашр расид

Январь 21, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Монографияи (энсиклопедияи биографии) дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Парвин Раймалихон таҳти унвони   «Кто есть кто в Афганистане», (Шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта дар Афғонистон), дар нашриёти LAMBERT Academic Publishing (Ҷумҳурии Федеративии Германия), бо забони русӣ ва дар  ҳаҷми 416 саҳифа ба нашр расид.

Нашри сеюми такмилёфтаи монографияи мазкур тарҷумаи ҳоли намояндагони элитаи сиёсӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва динии Афғонистонро аз оғози асри гузашта то имрӯз дар бар мегирад. Ҳамзамон дар монографияи мазкур маълумот дар бораи ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шудааст.

Забони сода ва оммафаҳми китоби мазкур имкон медиҳад, ки он барои тамоми шавқмандон, донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорони ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърих ва шарқшиносӣ, ҳамзамон барои гурӯҳи васеи муҳаққиқон, ки ба омӯзиши «масъалаи Афғонистон» машғуланд, ҷолиби диққат бошад.

Мавриди зикр аст, ки муаллифи мазкур барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шуд.

Январь 21, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад