Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир ба густариши робитаҳои адабӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт

Январь 30, 2020 12:47

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Низом Қосим Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ  Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо перомуни вазъ ва густариши робитаҳои адабии байни ду давлат мубодилаи васеи афкор намуданд.

Зимни суҳбат Низом Қосим аз таърихи қадимии робитаҳои ҳасанаи аҳли адаби тоҷику форс бо шоирону нависандагони араб ёдовар шуда, зикр кард, ки «осори бадеиву илмии гузаштаи моро бе истифода аз забони арабӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бисёре аз шоирону олимони классики тоҷик ба арабӣ асарҳои мондагор эҷод кардаанд».

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъкид кард, ки бо шарофати таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат барои фаъолияти созмони адибон, аз ҷумла робитаҳои адабӣ имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омаданд. Дар ин шумор баргузории Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи ин робитаҳо имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Агар то ҳол тарҷумаи осори адибони ду ҷониб аҳёнан сурат мегирифт, минбаъд он дар ҳамкории доимии мутақобилан судманд тибқи барнома амалӣ хоҳад гашт.

Низом Қосим Абдулазиз ал-Бодиро бо таърихи созмони адибони Тоҷикистон ва нақши муассири он дар ҷомеа шинос намуда, тазаккур дод, ки адибони оламшумуле, ба мисли Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода саромадони он буда, барои пайванди адабиёт ва таҳкими дӯстии байни халқҳои Осиёву Африқо, аз ҷумла давлатҳои арабӣ корҳои бузург анҷом додаанд.

Мояи ифтихори мост, ки Конфронси адибони Осиёву Африқо сардафтари адабиёти навини тоҷикро дар шумори се адиби забардасте зикр намуд, ки ба адабиёту тафаккури халқҳои гуногуни ин қитъаҳо таъсиргузор будаанд. Шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода солҳои зиёд раҳбарии Кумитаи ҳамраъйии адибони Осиёву Африқоро бар дӯш дошт. Талошҳои пайвастаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ки дар ташаккули сиёсати шӯравӣ оид ба Шарқи Наздик таъсиргузор буд, дар роҳи суботу пойдории кишварҳои арабӣ низ ба ҳамагон маълум аст.

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ барои мулоқот изҳори сипос намуда, роҷеъ ба вазъи адабиёт ва адибони мамлакати хеш гузориши мухтасар дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки адибони Арабистони Саудӣ дар маҳфилҳои зиёди адабӣ муттаҳид гашта, фаъолияти эҷодиашонро пеш мебаранд.

«Халқи мо ба Тоҷикистон ва адабиёти бузурги он муҳаббати самимона дорад, — гуфт сафир. — Намунаи осори намояндагони адабиёти ин миллатро мехонад ва аз ин адабиёти пурбор воқиф аст. Мояи  хушнудист, ки ба забони арабӣ вожаҳои зиёди тоҷикӣ-форсӣ дохил гашта, ба моли худӣ табдил ёфтаанд. Забони тоҷикӣ низ аз калимаву ибораҳои арабӣ хеле ғанист. Ин аз ҷумла имкон медиҳад, ки омӯхтани забони тоҷикӣ барои ман осон бигардад…Мо ба фарзанди қаҳрамони халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аҳсан мегӯем, ки Тоҷикистонро аз оташи ҷангу бесомонӣ бадар оварда, ба ҷодаи тараққиву пешрафт гузошт. Корномаи ӯ дар ҳақиқат ҳам мӯҷиби тамҷиду тавсиф буда, барои ба вуҷуд овардани асарҳои хонданӣ барои адибон маводи фаровон фароҳам меорад».

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ аз ҷараёни робитаҳои адабӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуд, ки сафорати давлати ӯ ба таҳкими ин амр, ташкили чорабиниҳои дуҷонибаи адабӣ, сафарҳои адибон ба кишварҳои якдигар ва ривоҷи тарҷумаи асарҳои адибони номвари ҳар ду ҷониб омода мебошад. Ӯ аз ташкил шудани Маркази тарҷума дар назди Иттифоқи нависандагон ва фаъолияти бахши арабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, умедвориашро аз саҳми арзандаи он дар шиносоии халқҳоямон бо адабиёти ҳамдигар баён дошт.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои мутақобилаи адабӣ, чопи осори адибони тоҷик ба забони арабӣ ва адибони араб ба забони тоҷикӣ изҳори назар намуданд. Дар баробари ин се шеъри шоири араб Холид ал-Файсалро Ато Мирхоҷа ва Нарзулло Назар ба забони тоҷикӣ тарҷума намудаанд.

 Се шеър

Аз ман марав                                                     

Холид ал-Файсал
(Арабистони Саудӣ)

Аз ман марав, азизтарини азизҳо,

Бо ман бимон ту ҳамдаму ҳамрозу ҳамсадо.

Хобу хаёл бе ту бароям ҷаҳон бувад,

Бе ту сурудро набувад назди ман наво.

Маънии зиндагонии ман ин туӣ, туӣ,

Мазмуни меҳр ҳам туиву ҳикмати вафо.

Оре, туӣ хулосаи шӯру қиёми ман,

Мақсуди дӯст доштани хонаву Ватан.

Аз ман марав!

То марҳаме шавӣ дили афгорро, биё,

Хонем то суруди ҷавонӣ зи сар, биё.

Ширинтарин хотираӣ аз гузаштаҳо,

Эй ҳафтранги ёди ту нури басар, биё.

Дар дил шудаст меҳри ту гулзорҳо, биё.

Аз ман марав!

Умре дар орзуи висоли туам ҳанӯз,

Муштоқи офтоби ҷамоли туам ҳанӯз.

Ту ҳастиву ду чашми ман пур аз шарораҳост,

Ту ҳастиву табассуми ман боғи пурсафост.

Аз ман марав!

Таъми сиришк

Монед, ки фарёд кашам аз дилу аз ҷон,

Аз баҳри Худо, сина пур аст аз ғами масдуд.

Монед, ки фарёд тасаллои вуҷуд аст,

Таскини дил асту дилам огандаи дуд аст.

Монед, сиришкам бидавад бар сумани рӯй,

Зеро ки дар он таъми сиришк аст ғамандуд.

Ин гиря ба ишқест, ки бар боди хазон рафт,

Ин нола зи бахтест, ки як умр сияҳ буд.

Ҷафои фироқ

Рафтиву ба ман ҷафо намудӣ,

Бо ғуссаам ошно намудӣ.

Паймонаи аҳдро шикастӣ,

Бемеҳр, маро раҳо намудӣ.

Бад ҳоли ман аст бе висолат,

Эй мурғи рамида, хуш ба ҳолат!

Бе болу пари мани шикаста

Оё нашикаст парру болат?

Кош ин дили зор менадонист,

Гармии баҳор менадонист.

Сардии хазони ошиқиро

Чун ҷабри нигор менадонист.

Эй вой, ки шуд дили фигорам

Пайвастаи дарду ҳасрату ғам.

Ҳарфе, ки аз он барояд инак

Аз сӯзу гудоз мезанад дам.

Январь 30, 2020 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид