Дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом 19 ҳуҷраи хатна ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои солимии ҷомеа ва хизматрасонии босифат дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом 19 ҳуҷра барои гузаронидани амалиёти хатна ташкил карда шуда, дар онҳо 1781 нафар кӯдакон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.
Ба иттилои масъулини раёсати тандурустии шаҳри Конибодом, имрӯз дар шаҳру деҳоти Конибодом ба беш аз дусад ҳазор аҳолӣ аз тарафи ду Маркази саломатии шаҳр, 16 маркази саломатии деҳот, 18 хонаи саломатӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда, аз тарафи як беморхонаи марказии шаҳрӣ, чор беморхонаи рақамӣ, беморхонаи бачагона, Маркази пӯсту таносул, Маркази бемориҳои сил ва маркази равоншиносӣ дар самти солимӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ хизмат расонида мешавад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба бунёд, таъмиру навсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо соли 2019 зиёда аз 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, давоми соли 2019 хосатан дар соҳаи тандурустии шаҳр дар 7 маркази саломатии ҷамоатҳои деҳот аз тарафи лоиҳаи «Сино» ба маблағи 2 млн. 564 ҳазор сомонӣ корҳои навсозӣ ба роҳ монда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои тандурустии шаҳр дар самти ҳифзи сиҳатии мардум баҳри амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ корҳои муайян ба иҷро расонида шуда, ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани шароити беморхонаҳо ва мусоидат намудан барои болоравии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ барои ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби буҷет 1 млн. 263 ҳазор сомонӣ, суратҳисоби махсус 132 ҳазор сомонӣ ва соҳибкорон 400 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 4 млн. 359 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






