Дар ноҳияи Ҷ. Румӣ дар давраи таътили зимистона наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наврасону ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, инкишофи соҳаи варзиш ва оммавӣ намудани он дар давраи таътили зимистона ба мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шашка ва шоҳмот ҷалб гардиданд. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаҳои мазкур зиёд аз 3 ҳазор нафар ҷавонон, аз ҷумла 200 нафар духтарон иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд: «Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем».
Имрӯз дар мамлакат 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидаанд. Танҳо соли 2019-ум 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти ҷумҳурӣ ба истифода дода шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






