Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ободонӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот ҳашар доир карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Кормандони ташкилоту корхонаҳо, сокинони шаҳру деҳот, омӯзгорону намояндагони дигар табақаҳо ба ҳашар баромада, бехи дарахтонро нарм карданд ва беш аз 1000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд.
Ҳашари умумишаҳрӣ аз Маҷмааи саноатию кишоварзии ҷамоати деҳоти Зиракӣ, назди гармхонаҳои хоҷагии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардид. Дар ин мавзеъ саҳмдорони хочагӣ ва сокинон беш аз 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд.
Дар ҳашар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти шаҳр ва раиси хоҷагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев иштирок намуда, ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Кормандони корхонаҳои коммуналии шаҳр дар назди Парчами давлатӣ ба ҳамворкунии замин ва ба тартиб даровардани роҳравҳо машғул гардиданд.
Гуфта шуд, ки майдони Парчами давлатӣ то оғози гармиҳои баҳор омода карда шуда, дар он дарахтони ороишӣ ва гулҳои зебою муаттар шинонида мешаванд. Дар кӯчаю маҳалла ва гулгаштҳои шаҳр низ корҳои ободонӣ идома ёфтанд. Кормандони корхонаи давлатии фаръии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин ба шинонидани ниҳолҳои ороишӣ шурӯъ намуданд. Назди ҳайкали шоир Ашӯр Сафар дарахтонро ба тартиб дароварда, 50 бех ниҳол шинониданд. Корхонаи мазкур дар баробари шинонидани ниҳолҳо ва таъмини дигар ташкилоту корхонаҳо бо ниҳол дар гармхонаҳои муассиса гулҳои мавсимӣ парвариш карда истодааст.
Дар боғи Хуталон дарахтони ороишӣ шинонида, бехи дарахтони дигарро нарм карданд. Инчунин дар ин рӯз паҳлуи роҳравҳо гулҳои гуногунранги лола шинонида шуданд.
Тавре директори «Боғи Хуталон» Насим Абдулазизов иттилоъ дод, дар ҳашари дастаҷамъона дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот беш аз 1000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуданд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои истироҳатии минбаъда низ чунин ҳашарҳо гузаронида шаванд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






