Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ободонӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид

Январь 20, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот ҳашар доир карда шуд. Дар ин бора аз  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кормандони ташкилоту корхонаҳо, сокинони шаҳру деҳот, омӯзгорону намояндагони дигар табақаҳо ба ҳашар баромада, бехи дарахтонро нарм карданд ва беш аз 1000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд.

Ҳашари умумишаҳрӣ аз Маҷмааи саноатию кишоварзии ҷамоати деҳоти Зиракӣ, назди гармхонаҳои хоҷагии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардид. Дар ин мавзеъ саҳмдорони хочагӣ ва сокинон беш аз 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд.

Дар ҳашар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти шаҳр ва раиси хоҷагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев иштирок намуда, ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Кормандони корхонаҳои коммуналии шаҳр дар назди Парчами давлатӣ ба  ҳамворкунии замин ва ба тартиб даровардани роҳравҳо машғул гардиданд.

Гуфта шуд, ки майдони Парчами давлатӣ то оғози гармиҳои баҳор омода карда шуда, дар он дарахтони ороишӣ ва гулҳои зебою муаттар шинонида мешаванд. Дар кӯчаю маҳалла ва гулгаштҳои шаҳр низ корҳои ободонӣ идома ёфтанд. Кормандони корхонаи давлатии фаръии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин ба шинонидани ниҳолҳои ороишӣ шурӯъ намуданд. Назди ҳайкали шоир Ашӯр Сафар дарахтонро ба тартиб дароварда, 50 бех ниҳол шинониданд. Корхонаи мазкур дар баробари шинонидани ниҳолҳо ва таъмини дигар ташкилоту корхонаҳо бо ниҳол дар гармхонаҳои муассиса гулҳои мавсимӣ  парвариш карда истодааст.

Дар боғи Хуталон дарахтони ороишӣ шинонида, бехи дарахтони дигарро нарм карданд. Инчунин дар ин рӯз паҳлуи роҳравҳо гулҳои гуногунранги лола шинонида шуданд.

Тавре директори «Боғи Хуталон» Насим Абдулазизов иттилоъ дод, дар ҳашари дастаҷамъона дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот беш аз 1000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуданд.

Дар назар аст, ки рӯзҳои истироҳатии минбаъда низ чунин ҳашарҳо  гузаронида шаванд.

Январь 20, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд