Дар Темурмалик бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёду навсозии роҳҳо идома доранд
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истикболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ корҳои тахту ҳамворкунии роҳҳо дар маҳаллаи навбунёди 20-солагии Истиқолияти ҷамоати шаҳраки Совет ба анҷом расида, мумфаршкунии он оғоз гардидааст.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов хабар медиҳад, роҳҳои маҳаллаи мазкур ба талаботи имрӯза мумфарш гардида, зимни бунёди онҳо қоидаҳои роҳсозӣ пурра риоя мегарданд. Бояд гуфт, ки айни замон дар ин маҳаллаи навбунёд беш аз 150 оила зиндагӣ мекунанд ва давоми ду соли оянда хонаҳои истиқоматии он ба 350 адад мерасанд.
Мумфаршкунии роҳҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳия низ бомаром идома дорад. Дар ҷамоати мазкур мумфаршкунии роҳҳоро Муасссисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ба уҳда дорад.
Бино ба иттилои сардори ин муассиса Ҳусейн Саидзода, дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон корхонаи асфалтбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он кори роҳсозони ноҳияро осон мегардонад. Бо истифода аз имконоти мавҷуда дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ қисмати зиёди роҳҳои байни деҳаҳо ва маркази ҷамоат сангфаршу мумфарш карда шудаанд.
Дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони ҳучраҳои иловагӣ барои бунгоҳи тиббӣ ва Маркази саломатӣ низ идома дорад. Мавриди зикр аст, ки баъди ба истифода додани ин муассисаҳои тандурустӣ ба беш аз 3 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад. Сокинони ҷамоати мазкур низ дар корҳои сохтмонӣ саҳм мегузоранд. Соҳибкори маҳаллӣ Зикрулло Қурбонов дар маркази ҷамоати мазкур 70 фоизи корҳои сохтмонии бинои боғчаи бачагонаро барои 60 нафар кӯдак анҷом додааст. Боғчаи мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Дар ноҳия бахшида ба ин ҷашни фархунда аз ҷониби дигар корхонаю ташкилот, муассисаҳои тандурустию фарҳанг ва маориф корҳои ободонӣ идома доранд.








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






