Дастгир шудани қаллоби «хонафурӯш» аз тарафи кормандони милитсияи пойтахт
ДУШАНБЕ, 14.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини шаҳри Панҷакентро, ки пеш бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.
Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гумонбаршуда моҳи июни соли 2011, бо роҳи фиреб ба боварии марди 69-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе хона гирифта, ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки номбурда хонаи истиқоматии мазкурро қаблан ба шахси дигар, марди 34-солаи сокини пойтахт ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






