Ду лоиҳаи пешниҳодкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба баланд бардоштани сифати таълим татбиқ гардида истодаанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Январь 27, 2020 16:27

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мо- «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» бо маблағи 2755 ҳазор сомонӣ ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ  ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 3115 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баён гардид.

Ректори Донишгоҳи мазкур,  доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ гуфт, ки яке аз дастовардҳои дигари назарраси соли сипаригардида ба медали биринҷӣ ноил гардидани  муҳаққиқи ҷавон Фарзона Абдуҷалилзода  мебошад. Номбурда бо дастгоҳи ихтироъкардааш- «Дастгоҳи комплекси офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи электрикӣ ва гармӣ» дар 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ иштирок варзида, сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Зикр шуд, ки дар баробари  ҳамкорӣ бо 73 донишгоҳи хориҷии дуру наздик, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён бо 6 донишгоҳи хориҷи мамлакат шартнома ба имзо расонида шуд.

Дар донишгоҳ донишҷӯёни бурунмарзӣ дар се шакли таҳсил- рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ тариқи квота ва дар асоси шартнома таҳсил мекунанд.

Январь 27, 2020 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд