Филми «Хаёлфурӯш»-и Шарофат Арабова соҳиби ҷоизаи «Golden Begonia Award» гардид

Январь 29, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 29.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Литсани музофоти Юнанни давлати Чин дар  7 -умин Кинофестивали  ҷаҳонии филмҳои хурд  (7th Asian Micro Film Art Festival) филми «Хаёлфурӯш» миёни филмҳо аз 20 мамлакати ҷаҳон соҳиби ҷоизаи “Golden Begonia Award” (Бегонияи тиллоӣ) гардид.  Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Коргардони филми мазкур Шарофат Арабова буда, он соли 2017 дар ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва студияи  кинои ҳиндии «Марудхар Артс» истеҳсол шудааст. Филми мазкур  аз рӯи асари нависандаи маъруфи ҳиндӣ Робиндранат Такур – «Кобулӣ» ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур мавзӯи дӯстӣ ва меҳру шафқатро миёни одамон ба тасвир мекашад. Дар филм ҳунарпешаи ҳиндӣ Пушпендра Сингх ва Мафтунаи Одилҷон нақши асосиро иҷро намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки қабл аз ин филми мазкур дар кинофестивалҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла 5-умин  Кинофестивали  осиёӣ дар Испания, 4-умин Кинофестивали Кашмир, 16-умин Кинофестивали осиёии Мумбай-чашми сеюми давлати Ҳиндустон, 2-юмин Кинофестивали ҷаҳонии занона дар шаҳри Асвани давлати Миср, Кинофестивали  ҷаҳонии  «Само»-и Шветсия, Кинофестивали  байналмилалии занона дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Кинофестивали ҷаҳонии «Ҷогҷа-Нетпак»-и Индонезия ва 16-умин Кинофестивали байналмилалии Бангладеш иштирок намуда,  сазовори «Диплом» ва ҷоизаҳо гардидааст.

Дар назар аст, ки ҳамчунин миёни 20-гонаи филмҳо аз 20 мамлакати ҷаҳон барои соли 2020 филми «Хаёлфурӯш» дар мамлакати Бангладеш манзури тамошобинон мегардад.

Ҷоизаи «Бегонияи тиллоӣ»  охирин ҷоизаест, ки филми «Хаёлфурӯш»  соҳиби он гардид.  Дархосткунандагон метавонанд филми «Хаёлфурӯш»-ро дар сомонаи ҷаҳонии «Ютуб» тамошо намоянд.

Январь 29, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид