Филми тоҷикии «Оинаи бе ҷило» бори аввал дар кинотеатрҳои Чин ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар кинотеатрҳои Чин филми «Оинаи бе ҷило»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба намоиш гузошта мешавад. Ташаббускори ин чорабинӣ China Film Group Corporation мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази Интернетии иттилоотии Чин хабар медиҳад.
Филми коргардон Носир Саидов дар бораи таърихи омурзиши гуноҳҳо ва эҳсосоти инсонӣ қисса менамояд. Нақшҳои асосиро Муҳаммад-Алӣ Маҳмадов, Парвиз Саидов, Мадина Назармонова ва Темур Турсунов иҷро мекунанд. Бояд зикр намуд, ки ин аввалин филми тоҷикист, ки дар кинотеатрҳои Чин аз айёми баргузор гаштани кинофестивалҳои кишварҳои СҲШ ба намоиш гузошта мешавад.
«Оинаи бе ҷило» яке аз филмҳои бонуфузи Тоҷикистон дар чанд соли охир аст, ки дар мамлакат аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо даромади хуб гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки ин филм дар кинофестивали якуми кишварҳои СҲШ муаррифӣ гардид ва ҳамчунин аз рӯи категорияҳои гуногун ба номинатсия гузошта шуд. Навор ба ҳайси кори озмунӣ низ дар ҷараёни кинофестивал дар маркази таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт. Ба сифати нахустин филми тоҷикӣ дар кинотеатрҳои Ҷумҳурии мардумии Чин «Оинаи бе ҷило» ба тамошобинони чинӣ урфу одати мардуми тоҷик ва ҳамчунин арзишҳои фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, он ҳамчунин барои дарк намудани «муҳаббати мардумӣ»-и халқи тоҷик имкон дода, ба ҳавасмандкунии робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо мусоидат менамояд.
Дар паи амалишавии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар доираи «Як камарбанд, як роҳ» солҳои охир кино тадриҷан ҷузъи муҳими таркибии табодули фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳавзаи «Як камарбанд, як роҳ» мегардад. Аз ҷумла, ҳамкорӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар соҳаи саноати кино амиқтар мегардад, зеро таъсири кинои Чин ба Тоҷикистон хеле зиёд аст. Соли 2015 дар партави корҳои созандагӣ дар доираи «Як камарбанд, як роҳ», ҳамчунин бо мақсади рушди ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои ду давлат дар кинотеатрҳои Тоҷикистон 5 филми чинӣ, аз ҷумла, «Сарбозе азим», «Дар Тайланд гумшудагон» ва «Устоди бузург» ба намоиш гузошта шуданд. Соли 2019 «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кино миёни МД “Тоҷикфилм” ва “Идораи давлатии синамои ҶМЧ» ба имзо расид.
Дар Чин ба намоиш баромадани «Оинаи бе ҷило» барои ҳамкорӣ ва табодул миёни ду давлат дар соҳаи кино дар соли 2020 заминаи хуб мегузорад.
АКС. лаҳзаи наворбардории филми «Оинаи бе ҷило»








Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд
Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ нигоҳдорӣ мешавад






