«Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун»- намоиши фарҳангию кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни бостонии Сада дар боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ёвон таҳти унвони «Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун» намоиши фарҳангию кишоварзӣ баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоиш раиси ноҳия ва фаъолону меҳмонон иштирок намуданд. Зимни намоиши мазкур ҳунармандону кишоварзони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳунарҳои хеш, аз қабили кашидадӯзию чеварӣ, бофандагию ресандагӣ, рассомию кандакорӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ниҳолу гулу буттаҳоро ба маърази бинандагон гузоштанд.
Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода изҳор дошт, ки «Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, дар гузашта он ҳамчун рамзи бузургдошти Офтоб, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз таҷлил карда мешуд. Ҷашни Сада рамзи рафтани нимаи зимистон аст, ки ба мардум муждаи баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд».
Самараи истиқлоли Тоҷикистон аст, ки суннатҳо ва анъанаҳои арзишманди аҷдодонамон, аз ҷумла иди ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи Сада имрӯз аз нав эҳё шудаанд.
Дар хотимаи намоиш барномаи консертии ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия таҳти унвони «Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз» манзури ҳозирин гардонида шуд.








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад






