ИМА ба Шӯрои амнияти СММ омодагии хешро ҷиҳати музокирот бо Эрон хабар дод

Январь 9, 2020 14:25

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи ҳамешагии ИМА дар СММ Келли Крафт ба Шӯрои амнияти созмон нома фиристод, ки дар он бидуни шартҳои пешакӣ омода будани Вашингтонро барои гуфтушунид бо Эрон ба хотири коҳиш додани ташаннуҷ дар минтақа хабар додааст, иттилоъ медиҳад Рейтер бо истинод ба ҳуҷҷат.

Ба қавли Крафт,  ИМА  кӯшиш мекунад,  то «нагузоранд  ба сулҳ   ва  суботи байналмилалӣ  хатарҳо эҷод шаванд ва  ё шиддат аз  ҷониби Эрон зиёд шавад».

Ба ҷуз ин, намояндаи доимӣ навиштааст, ки  қатли генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ  аз рӯи моддаи 51-и Оинномаи  СММ «асоснок аст», ки ин ба давлат ҳуқуқи  худмудофиа медиҳад.

Ӯ ҳамчунин  тазаккур дод, ки  зарбаҳои  ҳавоии ИМА ба  лашкари шиаи «ал- Ҳашд- аш-Шааби» 29 декабри соли 2019 посух ба  як қатор ҳамлаҳои  Эрон ва қувваҳои тарафдори онҳо буд, зеро ки амалҳояшон бар зидди  неруҳо ва манфиати  ИМА дар Шарқи Наздик  равона шуда буд».

Аввали моҳи январ Вашингтон барои қатли  Сулаймонӣ  амалиёт анҷом дод, Эрон  бо задани зарбаҳои мушакӣ  ба пойгоҳҳои Ироқ, ки он ҷо неруҳои амрикоӣ   қарор доранд,  ҷавоб дод.  Неруҳои амрикоӣ  талафот  надиданд.

Акс: © AP Photo / Koji Sasahara

Январь 9, 2020 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид