Имрӯз дар Украина ва Эрон дар робита ба суқути ҳавопаймо рӯзи мотам эълон шуд

Январь 9, 2020 14:26

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Украина Владимир Зеленский аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи корӣ қарор кард, ки 9 январ дар робита ба суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон, ки дар натиҷа 176 нафар ҳалок шуданд, рӯзи мотам эълон карда шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти дафтари президент, ки дар сомонаи расмиаш нашр шудааст, хабар медиҳад.

«Ба хотираи фавтидагон президент қарор кард, ки парчамҳои давлатии Украина дар биноҳо ва сохторҳои мақомоти давлатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ поён фароварда шаванд», — омадааст дар хабар.

Имрӯз ҳамчунин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири қурбониёни суқути ҳавопаймои Ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Украина рӯзи мотам эълон шудааст, хабар медиҳад портали fromua.news бо такя ба намояндаи ҳукумати Эрон Алӣ Рабеӣ.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳавопаймои Ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Украина Boeing 737 8 январ пас аз парвоз аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ дар Теҳрон суқут кард. Дар ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар қарор доштанд — 167 мусофир ва 9 аъзои сарнишин. Ҳамаи онҳо ҳалок гаштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Владимир Зеленский ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагони суқути ҳавопаймо дар Эрон тасаллияти амиқ изҳор кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти ин созмон.

Январь 9, 2020 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд