Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии Берлин зери унвони «Осиёи Марказии Сабз»

Январь 29, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Берлин дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказии Сабз» иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Олмон, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, инчунин намояндагони дигари кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.

Зимни  суханронӣ  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкорӣ  дар  мавриди тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот даъват намуда, аз ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои кишварҳои ниёзманд ва осебдида дар ин самт мусоидат хоҳад кард, ёдрас шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин  инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфакоронаи онҳоро муҳим хонда, таваҷҷуҳи  ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

Дар фарҷоми нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда Эъломияи муштаракро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва амният ба имзо расониданд.

Акс аз ВКХ

Январь 29, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад