Маркази таълимии авиатсионии «Сомон Эйр» соҳиби шаҳодатномаи Палатаи клирингии нақлиёт гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Палатаи клирингии нақлиёт оид ба эътибори маркази таълимӣ шаҳодатнома ба даст овард. Он ваколати марказро барои гузаронидани омодагии кормандони иштироккунандаи Системаи ҳисоббаробаркунӣ тасдиқ мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки Палатаи клирингии нақлиёт (Transport Clearing House) соли 1994 аз ҷониби ширкатҳои авиатсионии Россия ва кишварҳои ИДМ таъсис ёфтааст.
Тибқи хабари манбаъ, минбаъд бо гирифтани рамзи ДШБ01 маркази таълимии авиатсионии (МТА) ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба мутахассисон аз рӯйи курсҳои кори операторони (хазинадорон) агентиҳои эътиборшуда оид ба бронкунӣ ва фурӯш, интиқол ва хизматрасониҳо дар ҳуҷҷатҳои интиқолии стандартии Системаи ҳисоббаробаркунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ дарс омӯзад.
Тобистони соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» маркази таълимии авиатсионии худро барои мутахассисони соҳаҳои гуногун мавриди фаъолият қарор дод. МТА дар саридораи ширкати ҳавопаймоӣ, дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Маркази таълимӣ дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад.
Маркази таълимии авиатсионӣ гузаронидани курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо ва кормандони рӯйизаминиро таъмин мекунад. Машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони касбӣ, аз ҷумла дастурдиҳандагон гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи истифодаи ҳавопаймоҳои замонавиро дошта, дар марказҳои таълимии бонуфузи ҷаҳон дарс омӯхтаанд.
Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад, ки ба омода кардани кормандони соҳаи авиатсия машғул шавад ва курсҳои такмили ихтисоси ҳайати парвозӣ ва ҳайати кабинаи ҳавопаймоҳои Boeing 737 Classic ва Boeing 737 Next Generation, ҳайати муҳандисию техникӣ, мутахассисони авиатсия, ки интиқоли ҳавоӣ ва интиқоли борҳои хатарнокро тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ месозанд, дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва ҳайати кабина, инчунин мутахассисон оид ба бехатарии авиатсиониро ташкил кунад. МТА метавонад оид ба расмиёти садамавӣ-наҷотдиҳӣ, идора кардани захираҳои ҳайати парвозӣ, интиқоли борҳои хатарнок тавассути нақлиёти ҳавоӣ, ҳамчунин оид ба бехатарии авиатсионии мутахассисони соҳаи авиатсия машғулиятҳо гузаронад.
Дар баробари машғулиятҳои назариявӣ ба курсҳои таълимӣ машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла оид ба тарки садамавии ҳавопаймо, хомӯш кардани сӯхтор дар дохили ҳавопаймо, хизматрасонии мусофирон дар дохили ҳавопаймо, оид ба хизматрасонии бағоҷ ва таъмини сӯзишворӣ дохил карда шудаанд. То имрӯз дар МТА 12 маротиба тамрин гузаронида, 119 нафар мутахассисон машғулиятҳои таълимӣ ва омодашавиро аз худ кардаанд.








Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад






