Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан ва дар болои дарёи Панҷ кӯпруки ҳафтум бунёд мегардад

Январь 29, 2020 16:33

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол  амалишавии  лоиҳаҳои  «Сохтмони роҳи  мошингарди  Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон, қитъаи километри 72-158», «Қалъаихум – Ванҷ -Ҳулбук- Темурмалик»,   «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи  мошингарди Душанбе-Бохтар» ва бунёди кӯпруки  ҳафтуми   болои  дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард  дар назар аст. Инчунин  соли равон  корбарӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла «Таҷдиди роҳи  мошингарди Бохтар-Данғара-Гулистон ва  Гулистон-Кӯлоб», сохтмони  кӯпрук  аз болои дарёи Ғунд, барқарорсозии қитъаҳои роҳ дар мавзеи Барсем,  Бекобод  Спитамен ва Деҳмой-Б.Ғафуров  идома  меёбанд.

Дар ин бора имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёр Худоёрзода  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Худоёр Худоёрзода  дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар  бораи  кай   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани эстакадаи 3-сатҳа дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе  иброз дошт, ки   сохтмони  дуюмин эстакадаи 3-сатҳа дар пойтахт дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, он моҳи марти соли равон ба истифода мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  кӯпруки нав дар болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул-Ойхонум  сохта  шуда, дарозии пул 297 метр, паҳноии он 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна, дарозии роҳи  мошингарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо тақрибан 9,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Таъкид шуд, ки  мақсад аз бунёди  пул ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин кушодани масири нави нақлиётӣ мебошад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ин раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Масъулин инчунин хабар доданд, ки  дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид. Тибқи санади мазкур, дар оянда миёни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад.

Санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.

Январь 29, 2020 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд