Намояндагони Тоҷикистон сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ барои дастовард, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир гардиданд

Январь 20, 2020 10:12

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ренои иёлати Невадаи ИМА намоиши «2020 Sheep Show Convention» баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим ширкат кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоиши мазкур бо мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид.

Дар чаҳорчӯби намоиши имсола ду ҷоиза барои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд: Ҷоизаи «International Conservation Statesman Award» ба Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода барои комёбиҳои касбӣ дар муҳофизати гӯсфандони нодир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ҷоизаи «International Wildlife Conservation Ambassador Award» ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА бо дарназардошти эътироф ва қадрдонии комёбиҳои дипломатӣ дар пешбурди муносибатҳо ҷиҳати муҳофизат ва идоракунии гӯсфандони нодир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафир ҷоизаҳоро қабул намуда, ба ташкилкунандагони намоиш  барои қадрдонӣ изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, таҳкими ҳамкорӣ ба амалисозии ин иқдом мусоидат хоҳад кард.

Январь 20, 2020 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад