Натиҷагирӣ аз фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019

Январь 13, 2020 09:36

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019 ва муайян намудани  вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур  таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ,  генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода сурат гирифта, дар он муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода,  намояндагони  сохторҳои  вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.

Тавре аз  маркази матбуоти Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҷаласа нахуст   Рамазон Раҳимзода  дастуру ҳидоятҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26 декабри соли 2019  ба Маҷлиси Олӣ  пешниҳод гардид, шарҳу тавзеҳ дод.

Р.Раҳимзода,  аз ҷумла дар самтҳои такмил ва коркарди як  зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», кодексҳои ҷиноятӣ ва андоз), бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ташаббуси 4-уми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуда,  дар ин робита ба масъулин  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«Зимни бурдани пурсишҳо ва назарсанҷӣ дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фикру андешаҳои мусбӣ баён гардиданд. Аз ҷумла, ҷиҳати комилан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёт, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, имтиёзҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзишро намунаи олии ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба  мардум арзёбӣ менамоянд»,- афзуд вазир.

Сипас  натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ — хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2019 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои соли 2020 як зумра  уҳдадориҳо ва вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин  бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар хотимаи ҷаласа фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, «Нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз ҷониби ҳайати Мушовара тасдиқ карда шуд.

Январь 13, 2020 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд