ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

Январь 30, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 30.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ фаромадани зуҳуроти тарма пешгўӣ мешавад. Дар ағбаҳо яхбандӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона   аз 8 -13 то 15-20 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 27-32 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои камабр ва  тағийрёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук  то 1  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Январь 30, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд