Ҳолати мастӣ ва нигоҳдории ғайриқонунии норинҷак сабаби марги як нафар гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ, тахминан соати 16:30 аз ҷониби истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 Мезентсев Иван Андреевичи 33-сола дар назди даромадгоҳи (подъезд) бинои мазкур таркиш ба амал омад. Номбурда як адад норинҷаки РГД-5-ро ғайриконунӣ дар хонаи истиқоматиаш нигоҳ медошт. Ин дастгоҳи таркандаро дар ҳолати мастӣ бо худ гирифта, дар натиҷаи беэҳтиётӣ нисбат ба он, сабаби ин таркиш гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Санҷиши ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






