Парлумон созишнома дар бораи бунёди панҷ мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонид

Январь 17, 2020 13:41

ДУШАНБЕ, 17.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм давоми се соли оянда дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ сохта ва ба истифода дода мешаванд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 15 январ ба тасвиб расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли 2018 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Федератсияи Россия  оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддиву техникии панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода, Хуҷанд ва Бохтар, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, ба имзо расонида шуд.

Сардори Раёсати равобити байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки бо назардошти тақозо намудани ин созишнома баъзе аз хусусиятҳои озодкунӣ аз андоз, қабули санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии алоҳида, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он бояд аз ҷониби Парлумон тасдиқ карда шавад. Ҳамин тавр, 15 январи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагон онро тасдиқ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки амаликунандаи созишнома  байни Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддиву техникии панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафи онҳо дар тули се сол ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

И. Камолзода афзуд, ки вобаста ба санаи оғози сохтмон тибқи меъёрҳои Созишномаи мазкур гуфтушунид миёни татбиқкунандагони он — Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия идома дошта, махсусиятҳои сохтмониро пурра таҳлилу баррасӣ менамоянд.

Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

“Яке аз масъалаҳои муҳими таълим, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ин омода намудани мутахассисони забондон дар ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳаи маориф мебошад. Аз ин рӯ, тайи чанд соли охир аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи донистани забони русӣ мутахассисон аз Федератсияи Россия ҷалб мегарданд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ шудааст. Масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ низ дар мадди аввал  буда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба қадри имкон китобҳои дарсӣ   нашр гардида, ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда мешаванд”, — тазаккур дод масъули Вазорати маориф ва илм.

Давоми се сол аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия созишнома дар бораи хизматрасонии омӯзгорони русзабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда, мавриди амал қарор дорад. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар омӯзгор аз фанҳои забони русӣ, риёзиёт, кимиё ва биология аз ФР ба кор ҷалб гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки забони русӣ дар Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳост, инчунин яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Аз ин рӯ, забони русӣ дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз синфи дуюм омӯзонида мешавад.

Тибқи омори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар мамлакат 32 мактаби рӯсӣ бо шумораи 718 синф ва  фарогирии 20 ҳозору 956 нафар хонанда ба таълим равона шудааст, ки ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд. Инчунин дар мамлакат 170 адад муассисаи таҳсилоти миёнае, ки дар онҳо забони тоҷикӣ ва русӣ омӯзонида мешаванд,  фаъолият намуда, дар онҳо  72 ҳазору 607 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ “Ховар”

Январь 17, 2020 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд