Паёми Пешвои миллат аз ҷониби сокинони Язгулом гарм пазируфта шуд

Январь 9, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти «Язгулом»-и ноҳияи Ванҷ гарму ҷӯшон пазируфта шуд. Дар ин бора зимни вохӯрии сокинони ҷамоати «Язгулом» бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, ки чанде қабл баргузор гардид, гуфта шуд.

Зикр гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии кишвар паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пурра таҳлил ёфта, пешрафти босуботи мамлакат дар соли 2020 ва солҳои минбаъда ба таври амиқу возеҳ муайян карда шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба таври амиқу возеҳ ба миён гузоштанд.

Ҳамчунин нисбат ба рушди бемайлони деҳот тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ҷамъомад тамоми рукнҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Сокинон иброз доштанд, ки дар амалисозии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат саъю талош намуда, барои рушду нумӯи ин гӯшаи дурдасти кӯҳистони мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Ҷамоати деҳоти «Язгулом» дорои беш аз 6 ҳазор нафар аҳолӣ буда, сокинони он тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлонаи хеш симои деҳотро куллан тағйир дода, баҳри рушду нумуи он пайваста меҳнат мекунанд. Аз ин рӯ онҳо ба натиҷаҳои чашмгир соҳиб гаштаанд.

Солҳои охир барои рушди иҷтимоии ҷамоати деҳоти «Язгулом» аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Биною иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд. Алҳол дар ҷамоати деҳоти  «Язгулом» 7 муассисаи таҳсилоти асосию умумӣ, 4 китобхона, қасри фарҳанг, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва таваллудхона ба мардум хизмат мерасонанд.

Соли гузашта бинои шуъбачаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ ва бинои филиали «Амонатбонк» ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон сохтмони бинои идораи ҷамоати деҳот, ду муассисаи таҳсилотӣ ва хати қубурҳои обгузар дар деҳаҳои Андарбак ва Вишхарв идома дорад.

Бояд зикр кард, ки мардуми  «Язгулом» соҳибмаърифату бофарҳанг буда, дар ҷамоати деҳот дастаи  ҳунарии «Насими Язгулом» таъсис дода шудааст, ки овозхонҳои ин дастаи ҳунарӣ зарфи як моҳ меҳмони шаҳри Душанбе шуда, ҳунари волою нотакрори хешро пешкаши тамошобинони пойтахти ҷумҳурӣ гардониданд.

Январь 9, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд