Плей-оффи Лигаи чемпионҳои АФК-2020: имрӯз «Ал-Аҳлӣ» бо «Истиқлол» бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 январ дар Ҷидда бозии даври плей—оффи марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои АФК-2020 миёни дастаҳои «Ал—Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.
Дар нишасти матбуотии қабл аз бозии «Истиқлол» ва «Ал-Аҳлӣ» маҷлис баргузор карда шуд, ки дар он намояндаҳои дастаҳо иштирок карда, аз омода будани худ ба бозӣ хабар доданд. Ҳамчунин дастаҳо муайян карданд, ки пагоҳ бо кадом пероҳанҳояшон бозӣ мекунанд. Ҳамин тавр муайян карда шуд, ки «Истиқлол» бо пероҳани сурх ва «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ бо пероҳани сафед бозӣ мекунанд.
Бозии дастаҳо 28 январ, соати 22:30 ба вақти Тоҷикистон оғоз мегардад.
Акс аз сомонаи дастаи «Истиқлол»








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






