«Саҳми ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе машварат доир шуд

Январь 24, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  Шӯрои навбатии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ба таври робитаи мустақими телевизионӣ (телемост) доир гардид. Дар кори он  муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилноза Аҳмадзода, аъзои Шӯро, муовини Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода, коршиноси Комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсӣ Изатулло Маҳмудов ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода зикр намуд, ки «ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, пайваста бо мо дар иртибот мебошанд. Имрӯз қувваи ҷавонон барои  мо хеле зарур мебошад.  Зеро  дар такя бар қувваи ҳамдигар мо метавонем дар шароити имрӯзаи рушд ба ҳадафҳои олии худ бирасем. Ҳоло   он намояндагоне, ки дар хориҷ аз мамлакат таҳсил доранду маҳфили мазкурро намояндагӣ мекунанд, пайваста кӯшиш менамоянд   дар ҳамкорӣ бо намояндагии Тоҷикистон дар ҳамон давлат ба мушкилоти донишҷӯёни тоҷик расидагӣ намуда, ба онҳо кумаки худро расонанд».

Инчунин дар кори Шӯро натиҷаи фаъолияти кори маҳфил мавриди баррасӣ қарор гирифта, фаъолияти намояндагии маҳфил  дар давлатҳои хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон дар доираи Шӯро дар мавзӯи «Саҳми ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ»  машварат баргузор шуд. Дар он аз ҷониби коршиносони соҳа ҷиҳати иштирок дар интихобот, ки 1 марти соли равон доир мегардад,  маълумот дода шуд.

Аз ҷумла, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов дар суханронии худ  нақши ҷомеа, хусусан ҷавононро дар баргузории интихоботи дар пешистода муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки  новобаста аз оне, ки ҷавонон дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, бояд нисбат ба ин маъракаи сиёсӣ бетараф набошанд. Аз ин рӯ бо мақсади фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба маъракаи интихоботӣ  дар тамоми давлатҳое, ки ҷавонон  ва ё шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо таҳсил  ва фаъолият доранд,  учаскаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд.  То онҳо бе мушкилӣ  дар интихобот иштирок намоянд.

Изатулло Маҳмудов ба донишҷӯёне, ки  дар хориҷи мамлакат  таҳсил  мекунанду ба таври робитаи мустақими телевизионӣ (телемост)  ба кори Шӯро  пайваст буданд, доир ба рафти баргузории интихобот маълумоти муфассал дод. Инчунин ҷавонон ба таври мустақим доир ба интихобот савол дода, маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар заминаи дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2014 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфт. Он ҳоло   дар 17 давлати дунё  намояндагии худро дорад. Ҷаласаи Шӯрои Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар як сол 3 маротиба  доир шуда, ҳадаф аз баргузории Шӯро баррасии мушкилот  ва дастовардҳои донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи мамлакат мебошад.

Январь 24, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд