Сафири Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО-и Чин нишасти матбуотӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар Пекин ба муносибати ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои мамлакат ва натиҷагирии муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соли 2019 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронии худ Сафири Тоҷикистон иброз намуд, ки дар баробари дастовардҳои муҳим дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва дар соҳаи амният, ҳар ду давлат ба натиҷаҳои намоён дар ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ноил шуданд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Парвиз Давлатзода ба саволҳои хабарнигорон оид ба самтҳои гуногун посух дод.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






