Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Лахш

Январь 15, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъахон Давлатов  ва раиси ноҳия Файзулло  Баротзода бо  фаъолону  аҳли ҷамоатчигӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад нуктаҳои асосӣ ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов бобати масъалаи терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, сабабу омилҳои сар задани ин зуҳуроти номатлуб дар шуури шаҳрвандон ва оқибатҳои ногувори он сухан намуд.

Сокинони ноҳия зимни баромадҳои худ зикр намуданд, ки дастуру ҳидоятҳо ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имрӯз аз тарафи гурӯҳи корӣ шарҳ дода шуд, сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар маҳалҷойҳо низ мундариҷаи онро ба мардум мерасонанд.

Январь 15, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд