Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».
Ёдовар мешавем, ки давоми чанд рӯзи охир бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва зиёд будани хавфи тармафароӣ дар роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ гардида буд.
Мавзӯи мазкур мавриди пайгирии доимии АМИТ «Ховар» қарор дошта, баробари дастрас гардидани хабари тоза дар бораи вазъияти роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ иловатан пешкаши хонандагони сомонаи Агентӣ гардонида мешавад.








Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид






