Шукурҷон Зуҳуров ва Андреас Протманн дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Германияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати немис оид ба фаъолияти Парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дода, гуфт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои мо ба принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи майи соли 2016 бо Парлумони Ҷумҳурии Федеративии Германия гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки шарики боэътимоди барномаи ҳамкорӣ баҳри рушди ин давлат мебошад.
«Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Германия ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад»,-афзуд Раиси Парлумони касбии мамлакат.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки самтҳои асосии ҳамкории байни кишварҳо- ин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои немисӣ, истеҳсол ва фурӯши сангҳои ороишии сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи техника ва технологияҳои муосир мебошанд.
Ҳамкории ду давлат дар соҳаи фарҳанг ва маориф босуръат рушд меёбанд, алахусус соли 2005 Ҳукумати Германия барои дастгирии таҳсилоти ҳатмии миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион евро кумаки ройгон расонидааст.
Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии Ҳукумати Германия ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкории техникӣ ва молиявӣ 100 миллион евроро ташкил додааст.
Хадамоти мубодилаи академии Германия дар ин самт фаъолона ширкат меварзад. Ҳамасола дар доираи ин барнома зиёда аз даҳҳо нафар донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаҳои худро дар Германия такмил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия- ин заминаи шартномавӣ -ҳуқуқии ҳарду давлат мебошад. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Германия ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштарак имзо намудааст.
То имрӯз байни Тоҷикистон ва Германия 40 санади дуҷониба ба имзо расидаанд. Аз ин теъдод 30 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 ададро созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 ададро изҳороти муштарак ташкил медиҳанд. Созишномаҳо соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.
Дар мулоқот ҷониби Германия омодагии худро барои дастгирии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи Стратегияи миллии миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2022 изҳор намуд.








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






