Соли 2019 аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ҳисор 82 ҳазор сайёҳ дидан намуданд

Январь 18, 2020 11:39

ДУШАНБЕ, 18.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ ва табобатии шаҳри Ҳисор дар давоми соли 2019 дидан намуданд, 82 ҳазор нафарро ташкил медҳиҳад, ки аз ин шумора 10 ҳозору 300 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ анҷом бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2019 дар шаҳри Ҳисор чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ баҳри бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, бори нахуст дар миқси ҷумҳурӣ дар шаҳри Ҳисор, дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» бозори минтақавии ҳунармандӣ таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» бо ҷалби ҳунармандони як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ташкил гардид», — илова намуд манбаъ.

Бозори намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби ҳунармандон рӯзҳои якшанбе ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар бозори мазкур ҳунармандон ҳунарҳои дастии худ, аз қабили борхалтаҳои занона бо рамзҳои миллӣ, ҷуздон барои наварўсон, тоқиҳои занона ва мардона, либосҳои пашмини табиӣ, асбобҳои рузгор, аз қабили табақҳои чубӣ, курпаву болиштҳо ва дастранҷи дигар намуди ҳунарҳо ба фурўш бароварда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки муҳимтарин ёдгории таърихие, ки намунаи зиндаи таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, ин «Қалъаи Ҳисор» мебошад, ки тавваҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Мамнуъгоҳи таърихии «Қалъаи Ҳисор» соли 2019-ум 40 ҳазору 977 нафар сайёҳро қабул намуд, ки аз ин шумора 8 ҳазору 824 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Аз Осорхонаи шаҳри Ҳисор дар соли 2019-ум 9 ҳазору 300 нафар дидан намудаанд.

Айни замон дар самти сайёҳии табобатӣ дар ҳудуди шаҳр имкониятҳои фаровон мавҷуд буда, 6 осоишгоҳ фаъолият менамояд, ки дар сатҳи баланд ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Аз ҷумла, дар ҶДММ «Осоишгоҳи Сатурн» намудҳои зерини табобат роҳандозӣ шудааст: системаи гардиши хун, узвҳои нафаскашӣ, системаи асаб, системаи устуғонҳову мушакҳо, системаи эндокринологӣ, пуст ва насҷи зери пуст табобат гирифта мешавад. Осоишгоҳ дорои 40 ҳуҷра ва 120 кат мебошад. Дар давраи соли 2019 сайёҳони хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Россия, Бангладеш, Норвегия ва Ӯзбекистон дар ин макон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Дар осоишгоҳи ҶДММ «Сангчашма», ки дар ҳудуди шаҳр мавҷуд аст, чунин табобатҳо гирифта мешаванд: системаи асаб, системаи устухону мушакҳо ва бофтаҳои пайвасткунанда, пуст ва насҷи зери пуст, касалиҳои занона ва дигар намуди бемориҳо табобат карда мешавад. Соли 2019 дар осоишгоҳ 27 ҳазор 833 нафар табобат гирифтанд, ки аз ин 1648 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Дар Осоишгоҳи «Чашмаи Шоҳамбарӣ» 368 нафар табобат гирифтанд. Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 3 меҳмонхона ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Дар ин давра ба минтақаи Ҳисор пресс-турҳо барои шабакаҳои телевизионҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Шабакаи якуми телевизиони Россия, ТВ «Поеахали» бо барномаи «Звуки всюду», шабакаи телевизионии НТВ-и Россия бо барномаи «Поедем Поедим», Мир 24, «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи телевизиони Қазоқистон «Казах – ТВ», «Нейшнл Ҷеографик», ҳайати эҷодии рӯзномаи байналмилалии «Файнаншл Таймз» ва ғайраҳо ҷалб гардида, маводҳои ҷолиб оид ба захираҳои сайёҳии минтақа сабт ва намоиш дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди шаҳри Ҳисор имрӯз зиёда аз 87 ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои монументалӣ 8 адад, меъморӣ 12 адад ва археологӣ 67 адад мавҷуд мебошанд.

 

Январь 18, 2020 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид