Соли 2019 коргоҳҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Январь 9, 2020 17:10

ДУШАНБЕ, 09.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2019 дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна ва шароити рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшуда 16 адад корхонаи нав таъсис дода шуданд. Ин омил барои ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии соҳаи саноати шаҳр мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби 172 адад корхонаи амалкунанда ба маблағи 1,3 млрд.сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд аст.

Ин нукта 8 январ зимни  баргузории ҷаласаи васеъ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019, ки бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода дар Маркази фарҳанги шаҳр доир гардид, баён шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода зикр намуд, ки  соли сипаригашта баҳри таъмини бомароми рушди итисодиёти шаҳр 23 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла 18 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи дохилӣ ва 5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудаанд.

Инчунин дар ин давра коргоҳҳои шаҳри Хуҷанд бо 35 мамлакати дуру наздик ҳамкории судманд ба роҳ монда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 392 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ баробар гардид. Аз он ҳаҷми воридот 363 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва содирот 29 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки баҳри сазовор таҷлил намудани ин санаи бузурги миллӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёд, таъмиру навсозии 510 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, соли 2019 зиёда аз 274 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2018-2019 беш аз 343 адад иншооти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки иҷрои он 67,25 фоизи иншооти нақшавиро дар бар мегирад.

Январь 9, 2020 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд