Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад

Январь 20, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар, сармутахассисони раёсатҳо, мудирони шуъба, бахшҳои умумии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 20 то 25 январ баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар расми ифтитоҳи курс муовини ректор оид ба таълим Ҷумъахон Файзализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода, декани факултети такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Саодат Иброҳимова, инчунин намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумринисо Азизова сухан гуфтанд.

Муовини ректор оид ба таълим Ҷумъахон Файзализода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ 30 декабри соли 2011 қарори Ҳукумат «Дар бораи консепсияи ташаккули «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад. Ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобила дар дохили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идора дар асоси ҳуҷҷатгузории бе коғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осон мегардонад.

Зикр шуд, ки татбиқи ҳукумати электронӣ як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияҳои иттилоотӣ ҳарчи бештар истифода мешавад.

Мақсад аз гузаронидани курси мазкур истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» барои васеътар ҷорӣ намудани қонунгузорӣ ва ба сатҳи сифатан баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Зимни ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хуб буда, дар натиҷаи он хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, дар фаъолияти минбаъда аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мебаранд.

Январь 20, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд